Зимни ин мулоқот Камол Ҳиҷозӣ корҳои амалишударо дар доираи татбиқи лоиҳаи «Диёри Душанбе” муаррифӣ намуда иброз дошт, ки айни замон замини барои сохтмон муайяншуда ҳамвор ва ба пуррагӣ барои корҳои сохтмонӣ омода карда шудааст, ки тибқи нақша дар моҳи апрели соли ҷорӣ сохтмони асосӣ оғоз хоҳад ёфт: «Ширкат тамоми масъалаҳои инфрасохториро аз қабили гузаронидани қубурҳои об ва хати барқу алоқаро ҳаллу фасл намуда, ҷиҳати ҷалби ширкатҳои ватанӣ дар сохтмони шаҳраки “Диёри Душанбе” бо 5 адад ширкатҳои ватанӣ шартномаҳои дахлдор ба имзо расонидааст».
Манбаъ ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар марҳилаи аввали сохтмони асосӣ 3 иншоот аз қабили бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ, бинои маркази соҳибкорӣ ва 1 адад бинои маркази тиҷоратӣ сохта ба истифода дода мешаванд. Лозим ба ёдоварист, созишнома ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Диёри Душанбе» 26 августи соли 2011-ум миёни ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Қатар ба имзо расида буд.