Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имрӯз, 27-уми феврал дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон ба баррасӣ гирифта шуд.
Тавре Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумони кишвар ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, ҳадаф аз пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур, ин иҷрои барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 маҳсуб меёбад. Дар нишаст таъкид шуд, ки лоиҳаи ин қонун бо мақсади беҳтар гардонидани фаъолияти низоми адолати судӣ таҳия гардидааст: «Мувофиқи лоиҳаи қонуни мазкур, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ҷиҳати ба танзим даровардани мӯҳлат ва тартиби баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, таъмини мустақилияти бештари судяҳо ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, инчунин такмили фаъолияти марҳилаи судӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст».
Гуфта мешавад, бо қабули лоиҳаи Қонуни мазкур минбаъд судя парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба категорияҳои ҷиноятҳои вазнинро низ танҳо баррасӣ менамояд. Ҳамзамон, доираи ваколатҳои судя ҳангоми гузаронидани мурофиа бо тартиби соддакардашудаи тафтишоти судӣ васеъ карда шуда, ба суд имконият дода мешавад, ки дар ин мурофиа пешбурди парвандаи ҷиноятиро дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур қатъ намояд.