Манбаъ афзуд, яке аз ин чорабиниҳои варзишии шаҳрдорӣ «Пойгаи равон» маҳсуб меёбад, ки он 27 марти соли 2012 дар КВД «Наврӯзгоҳи пойтахт» дар сатҳи ҷумҳуриявӣ бо меъёрҳову иштироки доварони сатҳи байналмилалӣ бори нахуст дар таҷрибаи ин намуди варзиш доир карда мешавад: «Бо ин мақсад бо даъвати шаҳрдорӣ дар пойтахт феълан баҳри тарҳрезии корҳои омодагӣ менеҷери байналмилалӣ оид ба ташкили пойгаи равон аз Аморати Муттаҳидаи Араб хонум Елена Михай ташриф овардааст, ки 24 феврал ӯро Маҳмадсаид Убайдуллоев, райиси шаҳр ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили дар ояндаи наздик, нимаи дуюми соли 2012 бо мутобиқсозии КВД «Наврӯзгоҳи пойтахт» ба меъёрҳои баргузории пойгаи равони байналмилалӣ ташкил намудани ин намуди варзишро дар шаҳри Душанбе матраҳ намуда, дар навбати аввал дар чорабинии 27 март ба нақшагирифташуда даъват ва иштироки доварону нозирони байналмилалииро баррасӣ карданд.