Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ин ниҳод иттилоъ доданд, дар пайи амалиёт дар қаламрави ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон як марди 47-сола, ки қаблан барои ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир маҳкум шуда буд ва шарики ӯ донишҷӯи 19-солаи Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи кишвар бо 15 кило ҳашиш боздошт шуданд.
Тибқи иттилоъ, ин ҳодиса охири ҳафтаи гузашта иттифоқ афтод. Дар ҷараёни баргузории чорабинии фаврӣ кормандони агентӣ аз ин ду тан 15 бастаи селофанӣ ошкор ва мусодира намуданд, ки дар дохилашон моддаҳои қаламчашакли дорои бӯи махсус буданд.
Шӯъбаи тафтишотии агентӣ аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 200, қ. 4 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва ё моддаҳои психотропӣ) кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд.Айни замон борои шиносоии шахсони дигар аз зумраи шаҳрвандони Афғонистон, ки ба ин амали ҷиноӣ шариканд, чораҳои амалӣ андешида мешавад.