Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон», ба сохтмончиёни нақб маводҳои ғизоӣ, аз қабили 500 кг орд, 300 кг гӯшт, 400 килограммӣ сабзӣ, пиёз ва картошка, 100 килограммӣ биринҷу макарон ва 80 кг равғани растанӣ дастовез бурданд.
Маврид ба ёдоварист, то имрӯз нақби нақлиётӣ 5.115 метр, ҳаводиҳанда 5.194 метр канда шуда, боз кандани нақби нақлиётӣ 138 метр ва ҳаводиҳӣ 95 метр боқӣ мондааст.
Гуфта мешавад, дар ҳарду қисмати нақби Шаҳристон 310 нафар нақбканони тоҷику хитойӣ фаъолият доранд, то дар мӯҳлати муқарраршуда ин иншооти барои хоҷагии халқ басо муҳимро ба истифода супоранд.