Ба гуфтаи масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдо заминаи меъёриву ҳуқуқии МОИ (минтақаҳои озоди иқтисодӣ) аз соли 2004 омода шуда, ба ташкили чунин нуқтаҳо аз соли 2005 асос гузошта шудааст.
Аз рӯи нақшаи пешакӣ бояд дар ҳудуди ҷумҳурӣ 4 минтақаи озод ташкил мешуд, ки то 50 корхона дар он ҷо фаъолияти худро ба роҳ мемонданд ва тақрибан аз 6 то 10 ҳазор нафар шаҳрванд бо ҷои кор ва маоши миёнаи аз 200 то 400 доллар дар моҳ таъмин мегаштанд: «Бояд дар давоми 3 сол ба натиҷаи назаррас ноил мегаштанд. Аммо аз замони таъсиси МОИ на 3, балки 6 сол сипарӣ мешаваду МОИТ ҳанӯз ба он натиҷае, ки аз рӯи ҳисоби қаблӣ муайян гашта буд, ноил нашудаанд».
Умеди Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ мегӯяд, раванди рушд ва фаъолияти МОИ дар Тоҷикистон хеле суст инкишоф меёбад. Вай аз ҷумла изҳор дошт: "Суоле пайдо мешавад, ки оё ҳамаи кор аз рӯи он нақшае, ки доштем дуруст анҷом мешавад? Интихоби ҷойгиршавии ҷуғрофиявии МОИ мувофиқ аст, базаи ҳуқуқӣ ва муҳити сармоягузории хуб таъсис ёфтааст. Ба сармоягузорон имтиёзҳои гуногун пешниҳод гардидааст. Базаи ҳуқуқӣ дар солҳои охир беҳтар шуда истодааст, вале ҳанӯз инкишоф суст аст"…
Тафсилоти бештарро аз ин нишонӣ пайдо мекунед: https://www.ozodagon.com/iq/item/16201