Маврид ба ёдоварист, шиори сомонаи мазкур «Барои таъмини шаффофият ва гузоришгарӣ дар заминаи вазъи барқрасонӣ" буда, ба таври озмоишӣ фаъолияташро шурӯъ кардааст.Тибқи иттилоъ, ҳар масрафкунандаи барқ метавонад аз тариқи ин сайт дар бораи шароити расондани барқ ва мизони интиқоли барқ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон иттилоъ дарёфт кунад, ё иттилоъ бидиҳад ва ҳатто шикояти худро ба масъулон ирсол намояд: «Агар дар сайти "Барқ нест" тугмаи "Харита"-ро бифишоред, вазъи барқрасонӣ дар 25 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон дар рӯзи ворид шудан ба сомона маълум мешавад, ки бо рангҳои сиёҳ, сабз, сурх, зард ва заъфаронӣ соъатҳои интиқоли барқ нишон дода шудааст».
Гуфтанист, дар сурати пайдо шудани имкони молиявӣ дар вилояти Бадахшон ва навоҳии дигари Тоҷикистон низ довталабон барои иҷрои ин кор иқдом хоҳанд кард.
Барои маълумоти бештар ин линкро клик кунед: www.barknest.tj