Мардуми навоҳӣ ва вилоёт сарчашмаи асосии ҳокимияти сиёсӣ дар маҳал ҳаққи интихоб ва сабукдӯш кардани раиси хешро надоранд. Ва замоне, ки мо Сарқонуни хешро дар соли 1994 қабул кардем ва ҳам дар он давроне, ки ду бор, солҳои 1999 ва 2003 ба он тағйироту ислоҳ ворид кардем, шояд ҳанӯз барои аз тариқи интихоботи озоду мунсифона аз миёни чанд номзади арзанда хоста гирифтани раиси ноҳияву вилоятҳо вақти муносиб ва шароити мусоид фароҳам нашуда буд, вале акнун мебояд ба ҷаҳониён нишон диҳем, ки давлати ҳуқуқбунёду демократӣ дорем….
Тафсилоти бештар бо фишурадани ин линк дастрас хоҳад шуд: https://ozodagon.tj/s/item/16202