Амрико дар сурати идома ёфтани режими Башор Асад ба мухолифони ҳукумати ӯ кӯмаки низомӣ хоҳад кард.
Ин иқдоми Амрикоро сухангӯи Кохи Сафед рӯзи чоршанбе дар ҳузури хабарнигорон эълон намуд: «Маълум мешавад, режими Асад ҳеч гуна тадбире барои поён додани ин бӯҳрон нахоҳад андешид ва ин ҳукумати Амрикоро водор месозад, то даст ба «иқдоми муносибе» бизанад».
Аз сӯи дигар, Виктория Нуланд афзуда, ки роҳи ҳалли сиёсиро беҳтарин роҳ мешуморем ва бар ин боварем, ки низомӣ кардани бӯҳрон дар Сурия мантиқӣ нест, вале агар бо фишорҳои сиёсӣ Асадро мутақоид сохта натавонем, маҷбурем аз роҳҳои дигар кор бигирем.