Эълони озмуни беҳтарин сомонаи наврӯзӣ дар Тоҷикистон
Озмуни «Сомонаи беҳтарини Наврӯз» эълон шуд.
Вазорати маорифи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет, Фонди ҷамъиятии «Интернет», Бунёди «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет», ҶДММ «Вавилон-Т» бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз озмуни «Сомонаи беҳтарини Наврӯз»-ро эълон менамояд. Тавре ба «Озодагон» аз ин вазорат хабар доданд, дар озмун хонандагону донишҷўён, муассисаҳои таълимӣ, шахсони ҳуқуқӣ, воқеӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, метавонанд ширкат варзанд.
Гуфтанист, озмун рӯзи 29 март ҷамъбаст карда мешавад. Ғолибон бо ифтихорномаи вазорати маорифи Тоҷикистон, тӯҳфаҳои арзанда ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд. Барои дастрас кардани маълумоти иловагӣ ба Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия аз тариқи телефонҳои: 227-28-37, 221-33-63 ва нишони электронии E-mail: markazi-tik@maorif.tj муроҷиат намоед.
Тартиби баргузории озмунро хоҳишмандон метавонанд, аз сомонаҳои www.edu-maorif.tj ва www.cipi.tj дастрас намоянд.