«Раҳоии шахсони боқимондаро гурӯҳҳои зудамали КҲФ имрӯз пурра ба анҷом расониданианд. Айни замон ҳаракати нақлиёт тавассути ағбаҳои Анзобу Шаҳристон дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд ва ағбаи Хобуробот дар роҳи водии Рашт ва ВМКБ манъ аст».
Манбаъ афзуд, рӯзи чоршанбе (22-юми феврал) аз офати табиӣ хоҷагии қӯтоспарварии ба номи Аслиддинови ноҳияи Айнӣ хисорот бардошт. Дар ин ҷо 12 қӯтос зери тарма мондаанд: «Бар асари боришоти зиёди барф дар ҷамоати Сари Хосори ноҳияи Балҷувон низ 5 манзили зист қисман хароб гардида, дар ноҳияи Вахш бинои ду мактаб дар вазъи садамавӣ қарор доранд».
Бино ба иттилои манбаъ, бо сабаби боришоти зиёди барф ва фаромадани тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар километрҳои 41, 48 ва 71-уми роҳ муваққатан баста шудааст. Феълан, барои бартараф намудани ҳолати рухдода 4 адад техника сафарбар карда шудааст: «Бар асари фаромадани тарма дар ҷодаи Душанбе-Хоруғ, дар километри 567-уми мавзеи Пастхуф ва километри 574-и ноҳияи Рӯшон роҳ мувақатан баста шудааст.