То ҳамин дирӯз дар ҷанги дохилии Тоҷикистон даст доштани тарафи сеюмро борҳо гуфта буданд, албатта рӯзноманигорон ва бархе аз афроди огоҳи миллат.
Аммо далелу бурҳони воқеъӣ ва аснод дар даст набуд. Нақш доштани кишвари хориҷиро дар ин низоъ муддаии асосии курсии президентии Русия тайид кард ва дар матбуот дар ин маврид иброз дошт. Яъне, ҳақиқат он буда, ки мепиндоштем: Моро алайҳи ҳамдигар шӯрониданд ва аз омили заъифи мо истифода карданд.
Нусхаи аслии матлаб зери ин линк маҳфуз аст: https://www.ozodagon.com/g/item/16196