Дар маросими ифтитоҳи он, сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев, намояндагони ҳукумати Русия, Думаи давлатӣ, шаҳрдории Маскав, намояндагони ниҳодҳои дипломатии муқими Маскав ва дигар меҳмонон ҳузур доштанд. Тавре аз маркази матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба хабарнигори масковии «Озодагон» иттилоъ доданд, дар маросими ифтитоҳи ин кох ҳунарҳои рассомии рассомони тоҷики муқими Маскав Хушбахт Хушвақтов ва Қодир Раҳимов ба маърази намоиш гузошта шуда буданд.
Ҳамзамон, Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев боз шудани Маркази фарҳангии тоҷиконро далели рӯшани сатҳи хуби равобити дӯстона миёни Тоҷикистону Россия дониста, аз ҷумла гуфт: «Мо дар давраи душвори зиндагиамон дӯсту нодӯсти худ ва махсусан дӯстони наздиктаринамонро хуб шинохтаем. Ташаккур ба роҳбарияту ҳукумати Русия, шаҳрдорӣ ва мардуми рус, ки ба мо, тоҷикон, имкон доданд, то дар дили кишваршон дари чунин як Маркази фарҳангиро барои муаррифӣ намудани фарҳанг, арзишу суннатҳои миллӣ, ғояву ҷаҳонбинӣ ва умуман, тарзи ҳаёти тоҷикон боз намоем. Фарҳанг ва илму ҳунар дар офариниши миллат нақши хос дорад ва ошноии бештар аз фарҳанги ҳамдигар моро боз ҳам наздиктар мекунад».
Ҳамчунин меҳмонон, собиқ Раиси Думаи Давлатии Русия Генадий Селезнёв, собиқ сафири Русия дар ҶТ Рамазон Абдулатифов ва дигарон таъсиси Маркази фарҳангии тоҷиконро ба аҳли нишаст муборакбод гуфта, бо қаноатмандӣ аз муносибатҳои неки Тоҷикистону Русия сухан ронданд.
Дар охир, намойиши порае аз филми коргардони маъруфи рус, ҳунарпешаи шинохтаи театру синамо Борис Токарев, дар бораи ифтихори тоҷикону кулли форсигӯёни олам, шоири файласуф Умари Хайём бардошта буд, намоиш дода шуд. Сурудҳои дилпазири ҳунармандони шинохта Далер Назаров ва Исматулло Холиқов ба ҳусни чорабинӣ ҳусни дигаре зам намуда, хотири ҳозиринро шод кард.