Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон шоми дирӯз муовини аввали сарвазири ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазири молияи ин кишвар Рустам Азимовро, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба муайян кардани хатти сарҳади давлатии ду кишвар ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии президент, дар нишаст масоили вобаста ба муайяну мушаххас намудани хатти сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон дар қитъаҳои баҳсноки он баррасӣ шуд.
Манбаъ афзуд, дар мулоқот ҳамчунин, доир ба маҷмўи масоили дигари вобаста ба муносиботи ҳамсоягӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар гуфтугў сурат гирифт. Изҳори боварӣ карда шуд, ки тамоми масоили баҳсноки мавҷуда дар асоси ҳусни тафоҳум ва муносиботи дўстии бисёрасраи ду миллати бародар ҳалли мусбии худро меёбанд.