Дар ин бора, ҷониби даъвогар, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода зимни як тамоси телефонӣ ба хабаргузории «Озодагон» иброз дошт. Номбурда гуфт: «Он чиро, ки мо интизор будем, ҳамон шуд, яъне ба Саидмукаррам ҳукми сафед элон карданд».
Манбаъ афзуд, додгоҳ ҳукм кард, ки аслан он калимаҳое, ки зидди мо дар қарори Шӯрои уламо аз 6-уми декабр буд, эшон ҳеч алоқае ба он надоштааст ва ин калимаҳо гӯё бо ибтикори ӯ нашуда бошад: «Хулоса, шоҳидон дигар гап гуфтанду мо имрӯз дигар гапҳоро шунидем, мутаасифона мо наметавонем ба додгоҳ чизе бигӯем».
Дар мавриди шикоят ба додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар бошад, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода гуфт, барои ин чанд марҳилаи судиро ин ҷо бояд пушти сар кунем ва баъдан метавон рӯйи ин ҳарф зад.
Ёдрас менамоем, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 6-уми декабри соли 2011 дар баёнияе, ки онро хабаргузории «Ховар» ба нашр расонд, аз баргузории маросими азодории «Ошӯро» дар масҷиди «Муҳаммадия» ва нақши хонадони Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдомро шадидан интиқод кард ва ин хонадонро ба «тағйири мазҳаб" муттаҳам намуд. Сипас, оилаи Тӯраҷонзодаҳо барои тӯҳмат ва паст задани шаъну эътибори онҳо аз болои райиси Шӯрои уламо ба суди ноҳияи И.Сомонӣ шикоят бурданд.