Муродҷон Тӯйчиев, варзишгари шинохтаи тоҷик аз сабқати Осиё-2012-и Корея бо як медали биринҷӣ ба Ватан баргашт.
Аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ки Муродҷон Тўйчиеви 29 сола зимни рақобатҳо дар вазни 120 кило ба гирифтани мақоми сеюм мушарраф гардид. Юсуф Абдусаломов, барандаи медали нуқраи бозиҳои Пекин-2008 низ дар чемпионати Осиё оид ба гӯштии тарзи озод ва юнону рӯмӣ соҳиби медали биринҷӣ шуд. Сабқати мазкур 18-19-уми феврали соли равон дар шаҳри Гуми Кореяи Ҷанубӣ сурат пазируфт. Ба иттилои манбаъ Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон Муродҷон Тӯйчиев ва Юсуф Абдусаломовро ба ҳузур пазируфта, аз номи президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар кадом 5000 сомонӣ тӯҳфаи молӣ тақдим кардааст. Варзишгарони тоҷик гуфтаанд, ки барои соҳиби роҳхати олимпӣ шудан тамоми кӯшишу ғайрати худро равона хоҳанд кард.