Сониҳаи нақлиётӣ боиси марги ҷавони 27-сола гардид.
Тавре аз РБДА ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемрӣ», Илҳом Султонов аснои ҳаракат бо роҳи мошингарди Кагата-Ғафуров дар километри 2-юм аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Зил-554», ки таҳти идораи ронанда Анварҷон Ӯрунбоеви 34- сола ҳаракат мекард, бармехӯрад. Дар натиҷа, сарнишини сабукрав ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, дар маҳали ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Тибқи иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои кишвар 3 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 1 нафар ҳалоку 3 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.