Абдуллоҳи Муҳаққиқ, коршиноси масоили динӣ мегӯяд, бо истифода аз вожаҳои «терроризми исломӣ», «исломгароӣ» ва «фурӯ рафтан дар ислом» ғарбиён ҳар гуна падидаҳои сохтаеро ба ислом рабт медиҳанд. Мавсуф ин ҳарфҳоро зимни як конфронсе, ки имрӯз дар Душанбе баргузор гардид, иброз дошт.
Ба қавли номбурда, Ғарб дар ҳоле дар симои ислом терорризмромебинад, ки ислом худаш як ҷанбаи зидди терористӣ аст ва меъёрҳои ахлоқӣ асосан дар ислом вуҷуд доранд: « 99 фисади Осиёи Миёна, ки аҳли ислом ҳастанд, Ғарб бо истифодаи ибораҳои дар боло ишорашуда мардумро аз ислом тарсонидан мехоҳад».
Ҳамзамон, Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси тоҷик мегӯяд, худи ислом ҳеҷ проблемае надорад ва мушкилоте, ки феълан ба назар мерасад, худи мардум онро эҷод мекунад. Ба андешаи ҷаноби Абдулло, дар робита ба ин масъала мавқеъгирии мардум бояд дуруст бошад: «Бояд одам раванди асосиро дарк карда тавонад ва худашро ба он мувофиқ кунад. Ҳоло мо мебинем, ки мардум дар баргашатан ба арзишҳои суннатӣ қарор доранд, мардум дар тараддуди пайвастан ба фазои барояшон арзишҳои сунативу тамаддуни ҳастанд».
Дар ҳамоиши мазкур намояндагони сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷа дар Тоҷикистон, масъулини ниҳодҳои давлатӣ ва коршиносони мустақил ширкат доштанд.