Муин Бачонаев, як кӯдаки тоҷик, ки бо хонаводааш дар Русия ба сар мебарад, бо дарозтарин мижгонҳо ба «Китоби рекордҳои Русия» ворид шудааст ва интизор меравад ба «Китоби рекордҳои Гиннес» низ ворид гардад.
Дар 4 солагӣ аллакай мижгонҳои Муин Бачонаев 3,5 сантиметр дарозӣ доранд. Оҷонсии иттилотии «Китоби рекордҳои Русия»-Pari.ru дар бораи ин ҳамватани кӯчаки мо навиштааст, «Аслан пазируфта шудааст, ки мижгонҳои дароз ва мӯҳташам рамзи зебоии ҷинси латиф мебошад. Барои он хонумҳо омодаанд ,тамоми умр тавассути усулҳои гуногун, шурӯъ аз қаламҳои ороишӣ ва омехтаҳои кимиёии «дарозкунанда»-и мижгон, ки бо номи туш маъруфанд, истифода кунанд. Сокини хурдакаки шаҳри Маскав, Муин Бачонаев ҳамаи олуфтасанамҳоро бо як нӯл зад. Ӯ дар сини ҳамагӣ 4 солаву 1 моҳаву 16 рӯзагӣ расман аз рӯйи дарозтарин мижгонҳо рекордсмени Русия эътироф шуд. Духтарҳо акнун нолаву шеван кунед, зеро ин сеюним сантиметре, ки комиссиюн ба Муин мушаххас кардааст, охири кор нест. Мижгонҳои ӯ боз ҳам дароз шудан доранд».
Комиссиюни коршиносӣ, ки санадро барои ба «Китоби рекордҳои Русия» омода кардааст ва Муин ба он расман 3 декабри соли 2010 ворид шудааст, ишора кардааст, ки рекорди дарозии мижгонҳои Муин на ба як ё ду мижгони ӯ, балки ба аксарияти мижгонҳояш иртибот дорад. Ин сомона менависад, ки «писарак сабурона андозагириҳои беохирро таҳаммул мекунад ва дар тааҷҷуб аст, ки аз ин чаро бузургсолон лаззат мебаранд».
Дар ҳамин ҳол, журналист Иршод Сулаймонӣ ба «Озодагон» гуфт, "падари Муин Зайдулло Бачонаев аз хешовандони наздики мост.Дар рустои Бунайи ноҳияи Ванҷ ба дунё омада, чанд соли пеш ба Маскав кӯч баста, он ҷо иқомат дорад. Аслан, абрӯву миҷгони дарозу сиёҳ дар авлоди мо ирсист ва ин ҳодисаи нахустин нест».{jathumbnail off}