Дар пайи як амалиёти кормандони милиса дар ноҳияи Синои пойтахт миқдори зиёди маводи нашъадор дарёфт гардид.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз Вазорати умури дохила иттилоъ доданд, зимни ин амалиёт, дар рӯ ба рӯи донишкадаи ҳунарҳои зебо, воқеъ дар кӯчаи Борбад, шаҳрвандон Умедҷон Комилҷонови 39- сола, сокини хоҷагии Бӯстон, қишлоқи Ҷангалободи ноҳияи Ваҳдат ва Муҳандис Солиеви 41- сола сокини деҳаи Тезгари боло ноҳияи Рӯдакӣ дастгир карда шуданд.
Ҳангоми кофтукови автомашинаи тамғаи «Ауди А-6»-и онҳо 4 килою 520 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» дарёфт ва мусодира карда шудааст. Ба иттилои манбаъ, Умедҷон Комилҷонови 39 сола қаблан доғи судӣ дошта, бо моддаи 128 кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз озодӣ маҳрум гаштааст.
Феълан, нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад.