Тӯраҷонзода ба ин бовар аст, ки суд Саидмукаррамро беҷазо мемонад, зеро мегӯяд, ки Абдулқодирзода моро бо супориш сиёҳ карда буд, аз ҳамин хотир табиист, ки ба ӯ ҳукми сафед медиҳанд. «Мо он қадар умеди бисёр ҳам надорем, лекин ба ҳар ҳол мехостем як бор исбот кунем, ки ҳамин ҳарфҳо дар ҳаққи мо туҳмат аст, - мегӯяд ҷаноби Тураҷонзода ва илова кард, ки ба ҳар ҳол мо хаста намешавем ва барои талаби адолат боз ба зинаҳои болоии суд муроҷиат мекунем. Ман аз рӯзи аввал гуфта будам, «агар, ки ин суд қазияро мунсифона набинад, то додгоҳи Аврупоии ҳуқуқи инсон муроҷиат мекунем.»
Бино ба қавли ҷонибҳо суд тасмим гирифтааст, ки фардо, 22 феврал, соати 15:00 ҳукми худро эълом намояд.
Тафсилоти бештарро аз ин линк пайдо мекунед: https://ozodagon.tj/g/item/16193-