2011-05-04 10:05
Ашӯрбӣ Гулмуродова, як сокини пойтахт дар рӯзи равшан аз гарданбанди пурарзиши худ маҳрум гашт.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКД, ба ин бонуи 35-сола, дар назди гармхонаи деҳаи Дӯкон, шахсони номаълуми савори нақлиёти тамғаи «Опел-Вектра» ҳамла карда, бо тариқи зӯроварӣ гарданбанди 620 сомонаашро рабудаанд. Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе, Дилшод Раҳмонови 27 сола, Мустафо Оқилов ва Ҷаъфар Галиев як сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Чимтеппа боздошт гардида, ду тани дигар Алимаҳмад Иброҳимов ва шаҳрванд Шомадов дар кофтукоб қарор доранд.