Рӯзи гузашта дар Хуҷанд митинги мотам бахшида ба даргузашти иштирокчии муҳорибаи ҳифзи шаҳри қаҳрамон Маскав, ходими ҳизбию давлатӣ, шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Абдулло Исмоилов баргузор шуд.
Иброҳимҷон Иброҳимов, муовини райиси шаҳр гуфт, ин родмарди Ватан соли 1923 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, баъди хамти омӯзишгоҳи тиббӣ фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун фелдшер дар шаҳраки Консой оғоз кардааст. Аз рӯзҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба фронт рафт. Дар полки тирандозии 1278-ум ба ҳайси фелдшери ҳарбӣ дар фронти Калининград хизмат кард. Соли 1944 Абдулло Исмоилов аз дасташ сахт ярадор ва маҳрум шуда, ба зодгоҳаш бармегардад.
Бино ба иттилоъи манбаъ, марҳум солҳои 1944-45 мудири шӯъбаи ҳифзи тандурустии шаҳри Чкаловск шуда кор кард. Фаъолияти минбаъдаи ӯ дар мақомотҳои давлатию ҳизбӣ ҷараён гирифтааст. Аз соли 1971 баробари дубора таъсисёбии вилояти Ленинобод ӯ дар вазифаи мудири шӯъбаи ташкилӣ-инструктории комиҷроияи вилоят то дами ба нафақаи пиронсолӣ рафтан софдилона меҳнат кард.
Корнамоиҳои ҷангии Абдулло Исмоилов бо орденҳои «Ҷанги Ватанӣ» дараҷаҳои 1 ва 2, «Ситораи Сурх» беш аз 20 медалҳо, Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвони Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ шудаанд.