Кормандони раёсати гумруки минтақаи Кӯлоб 200 нусха китобро, ки аз чумҳурии Эрон барои бахши ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб ирсол гардида буд, мусодира карданд.
Маҳмадшариф Набиев, раиси ин ташкилоти сиёсӣ дар минтақа мегӯяд, ин адабиёт ягон иртибот ва ихтилоф ба мазҳаб надоштаанд: «Тавассути шабакаи интернетӣ, барои китобхонаи бахш дархости китоб кардем. Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар чумҳурии Эрон кору фаъолият дорад, ба ин дархости мо таваҷҷӯҳ намуду якчанд китоб бо хати форсӣ ройгон тӯҳфа кард. Дар идораи алоқаи шаҳри Кӯлоб, ки бо хати форсӣ шинос нестанд, ҳангома бардоштаву ба идораи гумрук муроҷиат кардаанд. Дар он чо низ, бо ҳамин иллат, китобҳоро ба кумитаи дини назди Ҳукумати ҶТ интиқол додаанд».
Манбаъ афзуд, ин китобҳо адабиёти машҳуру оламгири «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ, «Кимиёи саодати»-и шайх Ғаззолӣ ва ҳамин гуна адабиёту тафсири Қуръони шариф буданд. Оқои Набиев гуфт, барои ташхис ва азназаргузаронии ҳар саҳифаи китоб дар кумитаи дини назди ҲЧТ, тибқи талаботи онҳо бояд маблағи муайяне пардохт кард: «Масалан, танҳо барои 5 китоб аз мо 200 сомонӣ талаб карданд. Чун маблағ барои ташхиси дигар китобҳоро надоштем, дигар суроғ ҳам накардем».