Манбаъ афзуд, Маҳмадсаид Убайдуллоев дар нишасти корӣ изҳор дошт, ки зимни амалишавӣ ва татбиқи ин тарҳ ба ҳеҷ ваҷҳ ҳуқуқҳои соҳибмулкон поймол нахоҳанд гашт ва манфиатҳои онҳо дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар ҳатман риоя ва ҳифз карда мешаванд: «Соҳибмулкон имкон доранд аз ҳисоби маблағҳои худӣ ё ҷалби сармоягузорони интихобкардаашон бунёди иншооти тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар минтақаҳои мавриди таваҷҷўҳ беш аз нўҳ ошёна пешбинигардидаро дар асоси лоиҳаҳои бо шаҳрдорӣ ба мувофиқарасида амалӣ созанд.
Дар сурати надоштани имкониятҳои молиявӣ, ё худ дар заминаи иншооти мавҷудаашон бо бартарафсозии онҳо пешбинӣ гардидани мавзеъҳои кабудизоркунию ободонӣ ҳар кадоме ҳуқуқ доранд, ки бар ивази иншооташон арзиши бозории онро мутобиқ ба муқаррароти қонунгузории амалкунанда аз ҳисоби фармоишгар ҷуброн гиранд, ё дар асоси шартномаи тарафайн миёни фармоишгар ва соҳибмулк аз ҳисоби иншооти бунёдшаванда минбаъд иншоот ё квартираи бартарафгардидаашонро баробар ба масоҳати мавҷуда дастрас намоянд».