Владимир Ҷабборов, раиси Кумитаи корҳои байналхалқии Шӯрои Федератсияи Русия пешниҳоди таҳияи чунин қонунро кардааст.
Вазъе фаро расидааст, ки тамоми асноди қонунии вобаста ба муҳоҷиратро зери як қонун муттаҳид намоем, - изҳор кард Владимир Ҷабборов дар ҷаласаи васеъи Коллегияи Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, ки бо ширкати Владимир Путин, сарвазири Русия доир гашта буд.
Бино ба таъкиди В. Ҷабборов аз 3 то 5 дарсади ММД-и Русия аз сӯи муҳоҷирин таъмин мегардад ва дар аксари кишварҳо меҳнати муҳоҷирин ба ҳайси як омили сохторсози иқтисодиёт мавқеъ пайдо кардааст ва имрӯз иқтисодиёт бе ҷалби муҳоҷирин наметавонад рушд дошта бошад.
Ҷабборов таъкидан гуфт, аксари муҳоҷирини Русия аз кишварҳои ҶММ мебошанд, ки дар миёни онҳо Укроин- 20, Узбакистон - 14, Қазоқистон -11 ва Тоҷикистон ҳамагӣ 6 дарсадро ташкил медодаанд.