Эрон барои минбаъд содир кардани нафт ба Аврупо cе шарти худро пешниҳод намуд.
Тибқи гузориши хабаргузории "Reuters" вазорати умури хориҷаи ин кишвар дар ҳузури сафирони шаш кишвари аврупоӣ- Португалия, Фаронса, Юнон, Испания ва Италия барои идома ёфтани содироти нафт ба кишварҳои мазкур шартҳои худро эълон намуд.Ин шартҳо кафолати дастрас намудани маблағи нафти худ, бастани шартномаҳои дарозмуддат аз 3 то 5 сол ва бинобар шартҳои «Форс-мажор» бекор кардани ҳаргуна ҳаққи пардохт барои нақзи қарордодҳои нафтӣ аз сӯи кишварҳои мазкур.
Ёдовар мешавем, ки кишварҳои зикрёфта аз ҷумлаи ниёзмандони нафти Эрон ба шумор мераванд.