Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон», ин нишаст бо сухани муқаддимавии раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Алиҷон Солиев ифтитоҳ гардида, сипас мири пойтахти Суғд дар баромади худ аз таърихи таъсисёбӣ ва саҳми Шӯро дар пешбурди ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии маркази вилоят ёдовар шуда гуфт, ки мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар симои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ёрдамчӣ ва маслиҳатгари беминнатро мебинад. Саҳми Шӯро дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии насли наврас басо калон аст.
-Имрӯз мо бо камоли эҳтиром номи аввалин роҳбарони Шӯроро ба забон меорем,- гуфт мири шаҳр дар баромади худ,- инҳо собиқадорони ҷангу меҳнат подполковники мустаъфӣ Абдулло Абдуҳамидов ва Пётр Степанович Малишев буданд. Онҳо рӯзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» ва «Ленинабадская правда»-ро ба минбари асосии корҳои тарғиботию ташвиқотӣ байни наврасон дар руҳияи ватанпарастию ахлоқи ҳамида табдил дода буданд.
-Дар партави дастуру супоришҳои роҳбари давлат ва қарору санадҳои ҳукумат ғамхориро дар ҳаққи собиқадорони ҷангу меҳнат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ман ҳамчун раиси шаҳр аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва муқаддаси худ меҳисобем,- гуфт дар интиҳо роҳбари шаҳр,- мекӯшем то ки шумо бо ғамхории ҳаматарафа фарогир бошед.
Зимнан, ҳозирин бо лаҳзае хомӯшӣ хотираи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Абдулло Исмоиловро, ки субҳи имрӯз митинги мотамаш баргузор гардида буд, пос доштанд.