Олимҷон Салимзода, раиси кумитаи МН оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Ироюки Имохаширо бо хоҳиши ў ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз хадамоти матбуотии палатаи поёнии парлумон ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, дар мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла равобити байнипарлумонӣ баррасӣ шуданд. Салимзода дар ҷараёни сўҳбат иттилоъ дод, ки раванди муносиботи ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ҷопон дар сатҳу сифати олӣ қарор дорад ва ба роҳ мондани чунин ҳамкориҳо байни кишварҳоямон барои муаррифии фарҳангу тамаддун ва расму оини байниҳамдигарӣ кўмак хоҳад кард.
Зимнан, Сафири Ҷопон низ сатҳи муносиботи кишвараш бо ҷумҳурии моро мусбат арзёбӣ намуда, ҳамчунин ибрози омодагӣ кард, ки ҳамчун сафир аз тамоми имконот ҷиҳати тақвияти ин равобит истифода хоҳад кард.
Ҳамзамон, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Олим Салимзода бо намояндаи Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷаноби Энн Хоппер ва ҳайати ҳамроҳи ў мулоқот намуд, ки дар ҷараёни он масъалаи густариши ҳамкориҳои Маҷлиси намояндагон бо ин созмони бонуфузи амрикоӣ баррасӣ шуд.