Зимнан, Тоҳир, як сокини минтақаи дар муҳосирамонда дар сӯҳбат ба хабаргузорӣ гуфт, се рӯз боз аз олам бехабарем: «Рӯзи гузашта мардуми маҳаллӣ ба воситаи ҳашар роҳро аз барф тоза намуданд. Аммо шаби гузашта боз дар пайи шамоли сахт зиёда аз 200 метри роҳ ба барфи ғафсиаш бештар аз 2 метр пӯшонда шуд. Аммо аз масъулини маҳаллӣ ва техникаи роҳтозакунӣ дар ин қитъаи роҳ ҳанӯз дараке нест».
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи сокинони ин минтақа президенти Тоҷикистон зимни сафараш ба Файзобод, масъулини ноҳияро вазифадор карда буд, ки барои ин қитъаи роҳ техника ҷудо намуда, дар сурати маҳкам шудани роҳ фавран ба тозакунии он пардозанд.