Зимни ҷамъбасти озмун Наргис Қосимова, раҳбари СҶ «Даст ба даст» гуфт, дар доираи баргузории ин озмун тай иду моҳи ахир суратгирони касбиву ғайрикасбӣ аз ҳама минтакаҳои кишвар, аз ҷумла вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Турсунзода ва Душанбе, ҳамчунин, як ҳамватани мо аз Испания- Элвира Сой аксҳоро ирсол намуданд: «Муаллифони аксҳои беҳтарин, ки аз ҷониби ҳакамон муайян шуданд, соҳиби тӯҳфаҳои арзанда шуданд.Ҳамин тавр, барандаи ҷойи аввал ва соҳиби компютери тамғаи «НЕТБУК» Умар Худоёров гардид. Ӯ муалифи 2 акс: Модари дӯлонафурӯш ва зани ҷуроббоф аст».
-Ҷойи дуюм ба Дилшод Шарипов, мақоми сеюм ба Шаҳноза Шодиева ҷоиз дониста шуда, ҳамчунин хабарнигор Ёқуб Саид ва Баҳодур Тошматов аз сӯи ташкилоти ҷамъиятии «Даст ба даст» бо мукофотҳои вижаи ҳавасмандкунӣ сарфароз гардиданд.