Зимни як амалиёти кормандони милиса дар ноҳияи Рудакӣ миқдори зиёди маводи нашъадор дарёфт гардид.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, дар даромадгоҳи маҳаллаи Қӯштеппа, рӯ ба рӯи чойхонаи «Дилкушо», шаҳрвандон Валиҷон Амонқулови 30- сола, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Назаршоев ва Ваҳҳоб Саидови 47-сола, сокини ҷамоати Гулистон, маҳаллаи Ҷангалобод дастгир карда шуданд.
Ба иттилои манбаъ, Ваҳҳоб Саидов қаблан доғи судӣ дошта, бо моддаи 228 кодекси ҷиноии Федератсияи Русия аз озодӣ маҳрум гаштааст. Аснои кофтуков аз борхалтаи Валиҷон Амонқулов 4 килою 550 грамм маводи нашъадори навъи «ҳашиш» дарёфт ва мусодира карда шуд. Феълан, нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.