Манбаъ афзуд, музди маоши ҷоӣҳои кории холии пешниҳодгардида аз 120 сомон то 900 сомониро ташкил медиҳад. Дар рафти ярмарка ба 42 нафар шаҳрвандони корҷӯй бо ҷойи кории доимӣ роҳхат дода, 28 нафар шаҳрвандон барои касбомӯзонӣ ба муассиссаҳои таълимии системаи Агентӣ ҷалб карда шуданд.
Ҳамчунин, 9 нафар шаҳрвандони бекор барои кор берун аз ҷумҳурӣ номнавис гардиданд. Дар ярмарка зиёда аз 620 нафар шаҳрвандони бекор ширкат варзиданд.
Инчунин, дар ярмарка кормандони марказӣ Реинтегратсия иштирок карда ба муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта хизматҳои машварати ҳуқуқӣ, дастгирии равонӣ (психологӣ) пешниҳоди ҷойҳои холии корӣ, бо кор таъмин намудан ва додани маслиҳат оид ба самти ташкили соҳибкорӣ бо роҳи додани қарзҳои имтиёзнок, бо касбомӯзонӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзонӣ маслиҳатҳо дода шуд.