Қочоқи одам дар шаҳри Хуҷанд
Дар назди тӯйхонаи «Меҳрангез», воқеъ дар маҳаллаи 31-уми шаҳри Хуҷанд модари 50 -сола ҳангоми фурӯхтани духтари ноболиғаш ба ивази 3000 доллар ба даст афтод.
Тибқи иттилоъи ВКД, аснои гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Светлана Митсик, қасд дошт фарзандаш Иринаи 10-соларо бо маблағи мазкур ба шахси дигар фурӯшад. Гуфта мешавад, ин зан чанд сол қабл бо моддаи 111-и Кодекси ҷиноӣ суд шуда буд.