Агар Ҳизби муҳоҷирон дар Русия таъсис ёбад, бевосита дар ҳудуди Русия фаъолият карда метавонад.
Раҳматилло Зоиров, райиси ҲУСДТ мегӯяд, ин ҳизб ба кишвари дигар ҳаққи дахолат кардан ё таъсир расониданро надорад: «Албатта, мавқеи худро гуфта метавонад, аммо ҳуқуқи дахолат ба корҳои дигар кишварро надорад. Фарқи ҳизб аз иттиҳодияи ҷамъиятӣ хеле зиёд аст. Дар мавриди таъсиррасонӣ инро бояд қайд кард, ки агар созмон, ҷунбиш ё иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар дигар кишварҳо ташкил шаванд, бо қайди расмӣ ё бидуни қайд амал карданашон мумкин аст.
Зоиров ба ин назар аст, ки онҳо ғайр аз масъалаи идеологӣ ё масъалагузории сиёсӣ дигар усули таъсиррасонӣ надоранд. Дар ҳудуди Тоҷикистон дар интихобот, ҷумбишҳои дар хориҷ аз кишвар таъсисёфта ширкат карда наметавонанд.
Мавод дар шакли пурраш бо ин нишонӣ мавҷуд аст: https://ozodagon.tj/g/item/16189