(дар ҳошияи "Хутбаи Кӯҳдоман")
Ман аз танҳоии бо Ёр метарсидаму, аммо
Чу дар ин қиссаи зеботар аз рангинкамон
дар қатрашабнам дар баҳоронҳо
Ва ғамгинтар зи дар пойиз боронҳо нигаҳ кардам
Бидидам, ногузирам аз гузоре
ин ҳама ғамгин, ҳама танҳо, ҳама хомӯш
Зи рӯйи ҷодае тар, дар миёни шаҳр, дар меҳпӯш
Ба худ он гоҳ гуфтам: Дигар ин бигзор…ин ночор…ҳар чи бод,
Бодо бод!
Магар ширинтару зеботару хуштар аз ан дарде?!
Гиребончок, сар монда ба рӯйи домане ин пок
ин озод, ин бебок
Чу бар домони Кӯҳистон…
Чу бар Имон…
Магар беҳтар аз ин марге -
Ба рӯйи шонаҳои ӯ
Ба рӯйи қуллаҳое мармарӣ мурдан зи чашми ину онҳо дур
Ба мисли кӯҳнаварде дар фарози қуллаи Помир?!...
Ба худ он гоҳ гуфтам: Дигар ин бигзор…ин ночор…ҳар чи бод,
Бодо бод!
***
Саломи ман!
Бар он Уштур,
Ки бори маҳмили Лайло ба душаш буд!
Ба пояш реги саҳро парниён меомаду
он сарзанишҳои мағелонҳо
Сумонашро ба мисли бӯсаҳои барги гулҳо буд,
Биёбони Араб гӯйи биҳиште лолапӯшаш буд!
Ба Маҷнунҳову Нузарҳо сару коре надорам ман
Ва безорам зи солори қабилай ину он ҳар ду!
Сухан имрӯз аз Лайлост
Ва-з-он Уштур,
Ва албатта аз Уштурбон,
Ки он гаҳ исмати Ишқе Чунон
Бар дӯши ӯ хам буд…
Ба дигарҳову дигарҳо сару коре надорам ман!
Салому хидмату таъзими ман имрӯз
Бар он Уштур,
Ва албатта ба Уштурбон!
Ки бори исмати Ишқи Башар бар дӯш,
Ки Умм-ул Муслиминро маҳмили сидқу вафо
ҳамчу амонат аз Худо бар дӯш,
то рӯзи Қиёмат пеш меронанд!
* * *
Ман аз танҳоии бо Дӯст метарсидаму аммо
Чу дар чашмони ӯ танҳоиву бегонагии хештанро
дар Ватан дидам,
Ва чун дидам,
Ки танҳоии ӯ он қадр саршору бузургу паҳну густурдаст,
Ки танҳоии ман дар он намегунҷад
Чи ҷои ман, чи ҷойи ҳасрати танҳойиҳои ман -
Ки танҳоии он хоку Ватан дар он намегунҷад!
Ва танҳоии ӯ он қадр сангин аст,
Ки ҳар як шонае дар зери он хоҳад шикаст,
ҳатто агар он шонаи Рустам!
Ва танҳоии ӯ он қадр ғамгин аст,
Ки ҳар як базм дар он хун хурад,
Чу баргаштам бар он оинаи маъсум.
Ва танҳоии ӯро дар нигоҳи хештан дидам.
Ба худ гуфтам, ки ҷурме нест ӯро, ҷурми ман ҳам нест,
Ки ин дунё гузаргоҳест -
Ин дунё, ғарибӣ не, Ватан ҳам нест.
Агарки дӯстие нест, байни мо
Ҳамин кофист, охир душманӣ ҳам нест.
Ба худ он гоҳ гуфтам: Дигар ин бигзор…ин ночор…ҳар чи бод,
Бодо бод!
Ва танҳоии ӯ он қадр бемор аст,
Ки ҳатто як ишора бар лабе - ангорӣ як лабханд,
Ҳароми ман,
Ҳароми ту
Ҳароми мост!
Чаро хандем бар оне, ки бар аҳволи мо ҳамвора мегиряд?!
Ҳавориён!
Ба худ оем имшаб, Шоми Охир, эй Худо, бисёр кутоҳ аст!
* * *
Ба Кӯҳистон руҷуъе кардаму дидам
Ки Кӯҳистон ҳанӯз он интизораш талх,
Ки Кӯҳистон ҳанӯз он изтиробаш тунд,
Ки Кӯҳистон ҳануз он инқилобаш тард,
Ки Кӯҳистон ҳанӯз андар сукути хеш метаркад…
Уқобе пиру барҷомондаву ғамгин
На аз по монда, аммо дигар аз парвозҳо монда,
Ба рӯйи қуллаи кӯҳе
Чунон бар тахти сангине нишаста-Подшоҳе пир.
Ба мулки хештан - бар сахраву кӯҳу даман дорад нигоҳе пир,
Чи гӯям ман,
Ки ӯ аз он баландиҳо чи мебинад дар он торихи он Миҳан -
Сари ҳар теғае - теғи бало боло,
Бари ҳар пуштае аз куштаҳо тал чида тал дар тал,
Ва ҳар он чи к-аз онҳо нест,
Ва ҳар он кас, к-аз онхо нест,
Ба зери сумби астарҳо,
Бародарҳо таги теғи бародарҳо.
Ва хоҳарҳо…
Таги ҷисми бародарҳо…
Ба рӯйи қуллаи кӯҳе дигар чун теғи урёни Язид
олудаи хуни Ҳусейни пок
Сари бубридаи Хуршед …
***
Шабе дигар ҳам аз шабҳои Кӯҳистон фаро омад,
Аз он шабҳои пур аз роз,
Аз он шабҳои сардаргум
Аз он шабҳои пур аз моҳу меҳ, пур аз зулмату анҷум,
Ва дидам, си ситора медурахшад дар шабе золим
Ба монанди ҳамон си сиккаи нуқра…
* * *
Ман аз танҳоии дар Халқ метарсидаму, аммо
Чу дидам пайравони мазҳаби он ИШҚ
Ҳавориён
Яко-як дар масири бод ҳамчун барг меларзанд,
Яко-як дар масири бод ҳамчун барг мерезанд
Ба зери пои Раҳравҳову Раҳбарҳову Раҳзанҳо,
Ва инак дар канори кучае ғамгин
Ҳамон як бӯсаи гарми Яҳудо дар камини ман
Худоро бо ҳазорон ном дар лаб мекунад такрор.
Ҳамонгаҳ ман ба ӯ гуфтам:
Дар он Маъбад сухан аз Ишқ мегӯянд,
Яҳудо, дӯстам, боре биё он ҷо равем имшаб.
Ва дар он гардиши ғамгин,
Дар он паскучае торик, дар бунбаст
Ба худ гуфтам
Мувозиби ҳамон Устод бояд буд.
Ки ғайри ӯ дигар кас нест моро, нест…
Валекин ман намедонистам
охир он кадомин з-ин ҳама шогирди он Устод?
Валекин ман намедонисаму… бовар намекардам….
***
… Яҳудо!
Ман ба фикри ту наям, аммо!
Бигӯ он кист?!
Яҳудо! Мисли ин, ки ғайри мову ту ин ҷо дигар кас нест!
Яҳудои азизи ман, сигоратро зи лаб баргир,
Ману ту бояд имшаб бар хами он кучаи торих баргардем,
Ва ин дуди сигори ту, ки чун девор
Ва ин газҳои неонӣ
Ва ин рекломҳои ин Вавилонҳо Вавилонҳо Вавилонҳо,
Ҳама дунё дигар, эй дӯст мебинӣ, Вавилон аст!
Кулоҳатро зи сар баргир, агарчи барф меборад.
Ман имшаб боз мехоҳам бубинам чашмҳоятро,
Ман имшаб аз ту мехоҳам ҷавобамро, ту танҳо метавонӣ гуфт,
Бигӯ охир - манам оне, ки ӯРО
Дар хами он кучаи торик, дар бунбаст
бар таслими беислом хоҳам бурд?!
Яҳудо, ё МАНАМ ё ТУ!
Дигар кас нест дар ин кучаи бунбаст!
***
… Яҳудо, дӯстам, инак иҷозат деҳ туро оғӯш гирам ман,
Биё сар бар сари китфони ларзони ту бигзорам дар ин сармо,
Чуноне сар гузорад бар сари як буттаи ноошно як хушаи гандум,
Яҳудои азизам
гӯш кун Устодро имшаб дигар гуфтор ғамгин аст,
ин ҳушдор ғамгин аст:
ҲАМИН ҶИСМАМ -ШУМОРО НОН
ҲАМИН ХУНАМ - ШУМОРО ОБ
Бинӯшедам! Хӯредам!
Нӯши ҷонтон бод, эй мардум!
Насиҳатҳош дилсӯз аст,
Васиятҳош мармуз аст,
Яҳудо!
Пок бинмо сурататро аз нигоҳи ман
Ки дар тардид олудаст,
Яҳудо, пок кун ин китфҳоятро зи ашки ман,
Ки ҳамчун си ситора - чун нишони рутбае олӣ,
Ба китфони ту мерезанд
На, балки ҳамчу он си сиккаи нуқра…
Яҳудои азизи ман!
Қалам баргиру дафтар гиру ҳозир бош -
Ҳанӯз Устод он як хутбаро,
ки боядаш баъд аз намози Шоми Охир,
дар шабе ғамгин,
Бурун аз матни Евангели дар кӯҳдомане матрук
Ба рӯйи домани Помир бархонад
Набинвиштаст…
*** Ҳавориён! *
Шуморо ман бо НОНУ ОБ -
Ба ҷисму хуни ӯ медҳам қасам -
Даст аз сари Устод бардоред!
АСРОРИ ИНТИЗОРИ КӯҲИСТОН
Асрори Интизори Кӯҳистонро
Дар пуштаҳои сабзи чаманпӯшаш
Он қуллаҳои саркаши мағрур
Бо абрҳои масти шафақнӯшаш
Ҳамвора пос дошта буданд.
Аммо
Рози зи худ гузаштани як Инсон
Дар бозгӯйи Ваҳми Ҳақиқат
Ҳаргиз шунуфтанӣ набуд, эй Дил!
Ҳам гуфтанӣ набуд, эй Дӯст!
Бовар накардӣ ба пайғом
Бар ваҳйи он Парасту, ки он ҳангом
Бо чаҳ-чаҳе дигар паси тирезаҳои ту
Парвозҳои кутаҳи худро
Дар осмони кутаҳи дилгир ҳамерақсид,
Овозҳои кутаҳи худро
Дар пардаҳои кутаҳи тирезаҳои ту мехонд.
В-аз родиёи пир
Дар пардаҳои зеру бами он "Ушоқ" -и пир,
Овозхони тозаҷавоне
Аз қатли он ушоқи ҷавон дар диёри ту
Дар буғзи он тарона хабар мекард…
Бовар накардӣ ба ваҳйи Парасту, аммо ӯ
Дар асл як Фириста буд,
Яъне Фаришта буд.
В-он рӯз дар ҳаё-ҳаи ҳангомаҳои ноҳангом
Нашнидӣ чаҳ-чаҳаш ҳама ғамгин аст,
Мегуфт: "ИН БАҲОР ДУРӯҒИН АСТ!"
Бовар накардӣ бар худ, эй Дил,
Оре, ба Парасту, ба Фириста, ба Фаришта
Бовар накардӣ бар худ, эй Дӯст -
Бар ҷодаи хатои касон рафтӣ,
В-он розро, ки мебоист бинҳуфтан
Чун ғунча бедареғ шукуфтӣ,
Чун бод бефусус такидӣ,
Чун абр бедареғ боридӣ,
Чун чашма бефиреб бигуфтӣ…
Акнун,
Эй Дил!
Эй Дӯст!
Эй фандхӯрда ғунчаи бодом,
Барфе, ки дар БАҲОРИ ДУРӯҒИНАТ
Бар чаккаҳои хастаи беморат
Бар пиччаҳои масти парешонат
Чун марги нобаҳангом боридаст,
Мебоядаш хамӯш тақаббул кард,
В-ин хирқаи такидаи тақвоят -
Ин ҷомаи сапеди сияҳномӣ
К-имрӯз дар тамодии САРМОИ ЗАМҲАРИР
Бар пайкари наҳифи ту печидаст
Мебоядаш хамӯш таҳаммул кард.
То он Баҳори Ростин,
К-ангор, ҳич гоҳ дигар, ҳаргиз
Бар ин диёри ғамзадаи матруд, намеояд
Варна дар он баҳор
Бар рӯйи қабри худ
Мешуд, ки чун дарахт ҳама гул кард…
Оре,
Эй Дил!
Эй Дӯст!
Эй маргзори сабзи кафанбарф,
Инак
Аз ёдҳо бирав
Дар ёдҳои ҳасрату афсӯсат,
Дар хобҳои ваҳшату кобусат
Дар зарбаҳои набзи парешони Интизор,
Гум шав зи ёдҳову суханҳову чашмҳо,
Гум шав зи ҳар чи хайри худойист,
Гум шав зи ҳар чи тӯю тамошост,
То он Зуҳури Сонии Ноҷӣ
То он Зуҳури Маҳдӣ
Аз ёдҳо бирав
Дар Интизори Талхи Кӯҳистон…