Сафири Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов бо раиси Хадамоти давлатии ҳавопаймоии Украина Анатолий Колесник мулоқот кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии ВКХ, зимни вохӯрӣ дипломатии тоҷик гуфт, дар рафти сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Украина (декабри 2011) масъалаи барқарорсозии робитаи ҳавоии миёни ду кишвар баррасӣ шуд: «Бо мақсади амалисозии ин вазифа ширкати ҳавопаймоии “Сомон-Эйр” нақша дорад аз 25 марти 2012 парвозҳои мунтазамро бо хатсайри Душанбе-Симферопол-Киев-Душанбе шурӯъ кунад».
Ба ин муносибат, дипломати тоҷик ба ҷониби Украина бо хоҳиши мусоидат дар ҳалли як зумра масъалаҳое, ки аз онҳо ифтитоҳи парвозҳои ҳавопаймоии доимӣ байни Тоҷикистон ва Украина вобастагӣ дорад, муроҷиат намуд.Ҷаноби Колесник ҳавасмандии Украинаро дар барқарорсозии робитаи ҳавоии миёни ду давлат иброз дошта, итминон дод, ки барои татбиқи ин вазифа дастуру супоришҳои лозима дода мешаванд.