Қайд гардид, ки дар фосилаи ду сол палатаи поёнии парлумон дар соҳаи экология якчанд конунҳоро ба тасвиб расонд, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист”, “Дар бораи иттиллоти экологӣ”, “Дар бораи мониторинги экологӣ”, “Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия”, “Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ“, “Дар бораи ауидити экологӣ”, “Дар бораи экспертизаи экологӣ”, “Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он“, „Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ“, Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра мебошанд, ки барои вазъи экологии кишварамон таъсири мусбат мерасонанд.
Воқеияти имрӯзаи муҳокимаҳо атрофи масъалаҳои экологӣ ва обию энергетикӣ зарурати боз ҳам тақвият бахшидани фаъолиятро дар ин самт ба миён овардааст.
Муҳити зист сарҳадро намеписандад. Имрӯз таъсири байнисарҳадии давлатҳо ба ҳамдигар мавзӯи мубрами рӯз гаштааст. Масалан, мушкилоти истифодабарии об. Ҳарчанд захираҳои об дар табиат барқароршавандаанд, ҳаҷми он дар як андозаи муайян аст. Афзудани шумораи аҳолӣ ва рушди иқтисодиёт талабот ба обро дар ҷаҳон бештар намудааст. Дар минтақаи иқлимаш хушки Осиёи Марказӣ, дар шароити равандҳои номатлуби тағйирёбии иқлим ва дар ҳоле, ки ин захираҳо ғайриоқилона истифода мешаванд ё беҳуда ба пастхамиҳо равона карда мешаванд, ин мушкилот дар сатҳи муносибатҳои байнидавлатӣ баромадааст.
Дар шароити нави муносибатҳои иқтисодӣ ба моҳияти захираҳои об ва иншоотҳои бузурги гидротехникии комплексҳои хоҷагии об, ки нигоҳдории онҳо пештар аз буҷет давлати Шуравӣ маблағгузорӣ мегашт ва имрӯз ин бори гарон пурра бар души Тоҷикистон аст, аз диди нав бояд назар кард ва ин омӯзиш ва таҳлилро мехоҳад.
Дар ҷаласа иброз шуд, ки барои гирифтани пеши роҳи ҳар гуна тӯҳмату бӯҳтон ва маълумотҳои ғаразнок зарур аст, системаи мониторинги муҳити зист барқарор ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шаванд. Пеш аз ҳама дар минтақаҳои наздисарҳадии ҷумҳурӣ бо мақсади муайян намудани таъсири байнисарҳадӣ ба муҳити зисти ҳудуди Тоҷикистон чунин мониторинг зарур мебошад.
Комиссия тасмим гирифтааст, ки дар бораи вазъи воқеии истифодабарии захираҳои об дар минтақа ва сабабу омилҳои асосии фоҷиаи баҳри Арал маводи махсуси таҳлилӣ омода намояд.
Ҳамчунин, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба масъалаҳои обу энергетикаро таҳлил ва дар ин хусус ба идораҳои дахлдор нуқтаи назари Комиссия пешниҳод карда хоҳад шуд.
Ҳамчунин, дар назди иштирокчиёни ҷаласа вакилони Маҷлиси намояндагон Махфират Хидирова, Галия Рабиева, раиси ташкилоти ҷамъиятии “Офтоб” Қурбонҷон Кабутов, роҳбари маркази экологии ҷавонон Юрий Скочилов, роҳбари Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон Собирҷон Усмонов, роҳбари Ассотсиатсияи ҳамкори барои рӯшд Анвар Камолиддинов, роҳбари ташкилоти ҷамъияти “Маленкая земля” Ҷонона Боқиева баромад намуда, гуфтанд, ки ба роҳ мондани ҳамкории судманд байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз омилҳои муҳим баҳри ҳамоҳангсозии фаъолият ва ҳимоя аз манфиатҳои ҳаётан муҳими давлатию миллӣ ба шумор меравад.