Тавре аз Вазорати энергетика ва саноат ба хабагузории «Озодагон» иттилоъ доданд, тибқи лоиҳа аз ҷониби ҶМСП «Сомон-ойл» то имрӯз аллакай 600 километри тӯлонӣ корҳои сейсмоиктишофӣ ба анҷом расонида шуда, 250 км тӯлонии дигар боқӣ мондааст: «Лоиҳаи корҳои пармакунӣ дар марҳилаи ба анҷом расонидан қарор дорад».
Зимни ин ҳамоиш намояндагони «DWM Petroleum» қайд намудаанд, ки ширкат барои рушди корҳои сейсмоиктишофӣ ва пармакунӣ тавассути ҶМСП «Сомон-ойл» маблағҳои иловагиро барои пешбурди корҳо тахсис хоҳад дод.