Бар асари як оташсӯзӣ дар Рӯзи ошиқон 14-уми феврал дар қаҳвахонаи «Беллачио»-и шаҳри Волгогради Русия 23 нафар ҷарроҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, 10 нафари дар ҳолати вазнин қарор дошта, ба шифохонаҳои маъруфи шаҳри Москва интиқол дода шудаанд.
Оташсӯзӣ бар асари таркиши лӯлаи газ ба амал омадааст. Тавре и.в. мири Волгоград Сергей Соколов гуфтааст, хадамоти оташнишонии ин шаҳр 12 маротиб ба раҳбарияти ин қаҳвахона огоҳӣ дода, ҳатто 1 маротиба фаъолияти онро мутаваққиф карда будаанд.
Ҳамзамон, Кумитаи тафтишоти минтақаи Волгогради Русия аз рӯи ҳодисаи мазкур нисбати сарвари ин қаҳвахона парвандаи ҷиноӣ бо ҷурми риоя накардани қавоиди нигоҳдории зидисӯхтор боз намудааст.
Дар ҳамин ҳол, маркази матбуоти сафорати Тоҷикистон бо изҳори ҳамдардиву тасаллият ба осебдидагон ба хабарнигори масковии “Озодагон” таъкид дошт, ки бар асари корҳои фаврӣ ва робитаи оҷилӣ муайян шудааст, ки миёни ҷароҳатбардоштагон шаҳрвандони Тоҷикистон набудаанд.