То ҳол дар ҷомеаи Тоҷикистон масъалаи маҳалгароиро чун як падидаи манфӣ зери танқиди тозиёна гирифтаанд ва ҳатто дар бисёр ҳолат на фақат ҷиҳатҳои мусбати онро, балки вуҷудашро низ инкор кардаанд.
Аммо бо интиқод ва инкори ин падида то имрӯз дар кишвар маҳалгароӣ на фақат барҳам нахӯрда, балки бештар реша давондааст. Ҳол он ки агар ин падида беморӣ маҳсуб гардад, барои табобати он пеш аз ҳам бояд худи беморӣ ташхис гардад. Агар вуҷуди бемориро инкор мекунем, пас дар фикри табобати он нестем. Гузашта аз ин, хеле аз ҷомеашиносон бар ин назаранд, ки агар маҳалгароӣ ба шакли ифрот нарасад, яъне дар бардошту натиҷагирӣ ва тасмимҳо омили таъинкунанда ва меъёри асосӣ набошад, як падидаи баде нест.
Матни комили матлаб бо фишурдани ин линк дастрас мешавад: https://ozodagon.tj/dx/item/16184