Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд, мутаасифона, мо ба қисме аз суолҳои посухталаби худ дар мурофиа ҷавоб гирифта натавонистем.
Суол кардем, ки пас дар асоси чӣ Шумо (яъне Шӯрои маркази исломӣ) қарор қабул кардед? Маросими «Ошӯро»-ро танҳо як нафар- Эшони Нуриддини Тӯраҷонзода гузаронид. Пурсидем, ки чаро Шумо дар ин ҷо оли Тӯраҷонзодаҳо гуфтед? Тӯраҷонзодаҳо 100 нафар ҳастанд, оё ҳамаи онҳо гунаҳгоранд? Аммо касе ҳозир нашуд, ки ба ин суолҳо ҷавоб гӯяд.
Дар ҳамин ҳол, Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъи Тӯраҷонзодаҳо изҳор дошт,
имрӯз вақте ки мурофиаи додгоҳӣ оғоз шуд, нахуст масъалаи омадану наомадани шоҳидон баррасӣ гардид. Суд оид ба он эрод гирифт, ки гуё тарафи ҳимоя, «айбдоркунҳои хусусӣ» шоҳидонро сари вақт таъмин накарда бошад.
Тафсилоти бештар бо ангушт задан рӯи ин линк дастрас мешавад:https://www.ozodagon.com/g/item/16183