Тавре аз дафтари матбуоти ин вазорат ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, дар ин маросим ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии сохторҳои қудратии мамлакат, афсарону масъулини дастгоҳи марказии Вазорат ва Ситоди Генералии қувваҳои Мусаллаҳ, низомиёни дигар мақомотхои кудратӣ, наздикону пайвандони фавтидагон ва дигар шахсони расмӣ ширкат доштанд.
Гуфта мешавад, маросими дафн тибқи анъанаи низомиён бо ёдоварӣ аз корнамоию фаъолияти хизматчиёни ҳарбӣ ҷараён гирифт. Расми гузашти харбӣ ва бо садо «Оҳанги мотам»-и оркестри ҳарбӣ-нафасӣ доир карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 11-уми феврали соли равон дар минтақаи Зобули ҷумҳурии Исломии Афғонистон чархболи МИ-8, ки ба Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоии ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дошт суқут кард. Дар натиҷаи он, подполковник Грудин Вадим Вячеславович, майор Ҷӯраев Бахтиёр Темурхонов, лейтенанти калон Амирбеков Хушнуд Куканбекович, хатмкардаи Академияи миллии мудофиаи Ҳиндустон ва лейтенанти калон Азизулло Мансуров, хатмкардаи Омӯзишгоҳи олии ҳарбии авиатсионии ҳавопаймоии шаҳри Сизрани Федератсияи Русия, ки ҳамаи онҳо хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, ба халокат расиданд.