Тибқи иттилои дафтари матбуотии МН, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва вакили Маҷлиси намояндагон Амирбек Маҳмадалиев дар баромади худ аз рӯи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» изҳор доштанд, ки бештари тағйироти воридшуда ба лоиҳаи қонуни мазкур хусусияти таҳрирӣ дошта, ҳамчунин барои фаъолиятҳои минбаъдаи ниҳоди марбута мусоидат менамояд.
Манбаъ мегӯяд, вобаста ба масъалаи мазкур ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон рӯзи 8 – уми феврал қабул шуда буд, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров таъкид дошт, ки пас аз қабули лоиҳаи қонуни мазкур ба унвони Маҷлиси намояндагон номаҳои дархостӣ дар мавриди ба мардум фаҳмонидани моҳият ва нуктаҳои лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид шудаанд. Раиси Маҷлиси намояндагон хотирнишон сохт, ки мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур ба маъюбоне, ки то замони қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба нафақа баромада, нафақаи маъюбӣ мегиранд, таъсир намегузорад.