Покистон ба ҳавопаймоҳои НАТО барои убур кардан аз сарҳади ҳавоии ин кишвар иҷоза дод.
Бино ба гуфтаи вазири дифои Покистон Аҳмад Мухтор ба ҳавопаймоҳои НАТО танҳо ба хотири расонидани таҷҳизот ба низомиёни кишварҳои узви ин паймон дар Афғонистон рухсат дода шудааст. Дар бораи кай убур кардани ҳавопаймоҳои мазкур аз марзи ҳавоии ин кишвар ҳеҷ ишорае нашудааст.
Ба андешаи таҳлилгарон, ин иқдоми мақомоти он кишвар аз он дарак медиҳад, ки танишҳо миёни Покистон ва НАТО рӯ ба коҳиш овардааст.
Ин дар ҳоле аст, ки ҳукумати Покистон ду моҳ қабл, барои он ки дар тайи як амалиёти низомии нерӯҳои НАТО 24 тан аз шаҳрвандони ин кишвар ҷони худро аз даст доданд, дари марзҳои худро ба рӯи мошинҳои боркаши ин созмон баста буд.