Ронандаи нақлиёти тамғаи «ДЭУ-Лабо» дар шимоли кишвар як донишҷӯи ДДХ-ро пахш карда, аз ҷои ҳодиса ғайб зад.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, ин ҳодиса рӯзи гузашта соати 17:30-дақиқа рух додааст. Манбаъ мегӯяд, Олимҷон Ҳоҷибоеви 41-сола, сокини ҷамоати Қистакӯз, кӯчаи Э.Қосимов, ҳангоми ҳаракат дар ҳолати мастӣ дар кӯчаи Х.Кенҷаеви ҷамоати Қистакӯз дар рӯ ба рӯи чойхонаи «Дари завод» Мухбира Дадобоеваи 19- сола, сокини ҷамоати Қистакӯз, кӯчаи Искра, донишҷўи бахши 3-юми ДДХ-ро, ки аз тарафи рост ба чапи роҳ мегузашт, пахш намудаааст.
Зимнан, сарнишини нақлиёт ба ҷабрдида ёрии худро нарасонида аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Дар натиҷа, пиёдагард Мухбира Дадобоева ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳалокат мерасад. Аснои амалиёти кормандони милиса бо «изи гарм» дар ҳудуди ҷамоати Қистакӯз ронандаи автомашина Олимҷон Ҳоҷибоев дастгир карда шуд.