Эмомалӣ Раҳмон директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар минтақаи Аврупо Теодор Алерс ва сарвари нави минтақавии ин бонк оид ба давлатҳои Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаро ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, Теодор Алерс дар оғози сӯҳбат директори нави минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба давлатҳои Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаро ба Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намуд.
Зимнан, дар нишаст аз дастгирии пайвастаи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Қайд гардид, ки ҳоло дар Тоҷикистон бо харҷи 190 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантии Бонки ҷаҳонӣ 14 лоиҳаи муҳим амалӣ мешаванд. Бонки ҷаҳонӣ, асосан рушди Тоҷикистонро дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ ва энергетика дастгирӣ менамояд.
Ба иттилои Теодор Алерс, миёни Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ боз 4 лоиҳаи дигар бо маблағи 48 миллион доллари амрикоӣ ба тасвиб расидааст, ки татбиқашон соли равон оғоз меёбад ва ин нисбат ба грантҳои дар соли 2011 ҷудошуда 10 миллион доллари амрикоӣ зиёд мебошад.
Манбаъ афзуд, таваҷҷӯҳи зиёд, ҳамчунин ба ҷараёни ташхиси техникию иқтисодӣ ва омўзиши таъсири экологию иҷтимоии лоиҳаи бунёди нерўгоҳи Роғун зоҳир гардид.
Бо ишора ба афзалияти баланди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика ҳарду ҷониб ба идомаи татбиқи лоиҳаҳои муштарак доир ба кам кардани талафоти техникии нерўи барқ, таъмини дастрасӣ ба сарчашмаҳои алтернативии барқ ва рушди гидроэнергетика дар Тоҷикистон омодагии устувори худро таъкид доштанд.