Дар Душанбе дар бинои «Кохи Ваҳдат» ҷаласаи нахустини саҳмдорони ҶСК «НБО-и Роғун» идома дорад.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз шӯрои нозирон ин ҷамъият иттилоъ доданд, барои ширкат дар ин нишаст аз саросари кишвар намояндагони саҳҳомон ташриф овардаанд.Ин ҷаласа, ки нахустин бор сурат мепазирад, 11-масъалаи марбут ба эҳдосу маблағгузории нерӯгоҳи Роғунро аз қабили: дар бораи ҳисобот оид ба фаъолият ва баҳисобгирии муҳосибавӣ, хулосаи комиссияи ҷамъиятӣ оид ба назорати харҷи маблағи фурўши саҳмияҳо ба бахши хусусӣ ва маблағҳои кўмаку хайрияи молию моддии барои сохтмони "НБО-и Роғун" ҷамъшуда, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи ҶСК «НБО Роғун», оид ба тасдиқи аудитори ҶСК «НБО-и Роғун» ва подошпулии он ва ғайраро баррасӣ мекунад.
Ёдрас менамоем, барои анҷоми корҳои сохтмонӣ ва бунёди НБО-и Роғун ҳудуди 2 миллиарду 200 миллион доллари амрикоӣ зарур аст.Тибқи иттилои вазорати молия, Тоҷикистон аз соли 2008 ба ин сӯ дар корҳои сохтмонии иншооти мазкур 350 миллион доллар маблағ сарф кардааст, ки аз ин миқдор 310 миллиони он аз буҷаи кишвар ҷудо шудааст. НБО-и Роғун шаш чарха (агрегат) дошта, пас аз мавриди истифода қарор гирифтанаш бояд 3,6 ҳазор Мвт барқ тавлид намояд. Баландии сарбанди дарғот тибқи лоиҳа 335 метр аст.