Аз ҷумла соли рафта дастаи фуболбозони шаҳр дар мусобиқаи байналхалқӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми «Мегафон» таҳти шиори «Оянда аз ту вобаста» ширкат карда, ҳуқуқи иштирок дар мусобиқаи байналхалқиро пайдо кард.
Манбаъ афзуд, аз рӯи масъалаи дуюми ҷаласа иштирокдорон якдилона раиси шаҳр Раҷаббой Каримовро раиси Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд интихоб карданд. Номбурда дар назди масъулин вазифагузорӣ кард, ки на ин ки футбол, балки тамоми намудҳои варзиш дар шаҳр бояд пеш равад. Вай дастур дод, ки дастаи мунтахаби футболи шаҳр бояд на ин ки дар лигаи вилоятӣ, балки дар лигаи олии мамлакат баромад намояд.
Зимнан, дар ҷаласа роҳбарияти Федератсияи футболи шаҳр низ интихоб шуданд. Илҳом Бобоев, сарвари кулли КМ «Сатн», муовини аввали раиси федератсия, роҳбарони мактаби варзишӣ-бачагони шаҳр Ином Муҳиддинов ва Махкам Махкамов, ҳамчунин соҳибкор Анвар Саидмуродов, муовинони раиси федератсияи футболи шаҳр интихоб шуданд.