984 миллион доллари амрикоӣ масраф шудааст
Ҳукумати ИМА тавассути барномаи дастгирии иттиҳодияҳои истифодабарандагони об (БДИИО), ки аз ҷониби Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад, ба Федератсияи иттиҳодияҳои истифодабарандагони оби «Сароб»-и ноҳияи Қубодиён экскаватори чархдор тақдим намуд.
Сарвари минтақавии USAID дар Тоҷикистон Ҷеффри Лерер, ҷонишини раиси ноҳияи Қубодиён Зиёдалӣ Эргашев, роҳбари шӯъбаи дастгирии иттиҳодияҳои истифодабарандагони оби вазорати мелиоратсия ва захираҳои об Исмат Эшмирзоев, намояндагони иттиҳодияҳои истифодабарандагони об (ИИО) ва кормандони БДИИО дар маросими супурдани экскаватор иштирок намуданд.Тибқи иттилои сафорати ИМА барномаи мазкур 52 иттиҳодияи истифодабарандагони об ва 4 бахши дигарро дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат, Қубодиён, Ҷиликул, Қумсангир, Шаҳритус, Зафаробод, Рӯшон, Роштқалъа ва Спитамен ташкил дода, дастгирӣ намуд. Дар шароити бӯҳронии соли 2007-2008 USAID тавассути Барномаи дастгирии иттиҳодияҳои истифодабарандагони об 600 тонна тухмии гандум ва 660 тонна нурии минералӣ ба Тоҷикистон ворид намуд ва байни деҳқонон тақсим кард.Маросими супурдани техникаи хоҷагии қишлоқ марҳилаи охирини фаъолияти бомуваффақияти Барномаи дастгирии иттиҳодияҳои истифодабарандагони об гардид. Ёдрас менамоем, барномаи дастгирии иттиҳодияҳои истифодабарандагони об яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакдиҳандаи USAID мебошад. Аз соли 1992 инҷониб сафорати ИМА дар Душанбе зиёда аз 984 миллион доллари ИМА-ро ба барномаҳои кӯмакдиҳандаи рушди ниҳодҳои демократӣ, соҳаи тандурустӣ, маориф ва иктисодиёти Тоҷикистон равона кардааст.